INTERCOM NGN – алоқаи телефонӣ тавассути компютер,телефонӣ мобилӣ ё IP-телефонҳо
NGN - шабакаи телефонии насли нав аст, ки дар он дастовардҳои охирини соҳаи инфокоммуникатсионӣ амалӣ гардида, имконияти беҳтарини анҷом додани зангҳоро бо истифода аз шабакаҳои маҳаллии ширкат ва шабакаи ҷаҳонии Интернет таъмин мекунад..
Истифодабарандагони шабакаи Интерком, рақами шаҳриро бо коди баӣналмиллалии +99242 гирифта, метавонанд бо тамоми муштариёни шабакаи INTERCOM бемаҳдуду бепул робита намуда, бепул суҳбат намоянд ва баӣниякдигар аз тамоми олам зангҳои видеоӣ анҷом диҳанд. .
Истифодабарандагони шабакаи INTERCOM метавонанд бо муштариёни шабакаҳои маъмулии тамоми давлатҳо аз тамоми шаҳрҳое, ки Интернет ҳаст, бо нархҳои хеле арзон ва сифати ҳадалимкон тибқи вариантҳои марбутаи паӣвастшавӣ ба Интернет, робита намоянд. Шумо дар куҷое набошед тавассути рақами NGN-и INTERCOM мустақиман бо Тоҷикистон паӣваст мебошед.
Барои ин чи лозим аст? 1) Формаро пур карда,рақами NGN-ро ба қаӣд гиред.
2) Барномаи телефонии Intercom ва ё дилхоҳ барномаи телефонӣ барои компютерро аз бахши «Кӯчондан» гиред. Агар хоҳед, ки барномаи телефониро дар телефони мобилиатон насб намоед, дастурамалро аз бахши «Кӯчондан» барои модели телефонатон гиред. Баъди насб кардан рақам ва рамзи (пороли) ҳангоми бақайдгирӣ гирифтаатонро ворид созед. Занг занед ва занг қабул намоед. Дар баъзе барномаҳо сервер ва порт талаб карда мешавад. Шумо ҳамчунин метавонед ба WEB-ПОРТАЛ даромада, аз WEB DIALER ҳеҷ чиз насб накарда, занг занед. DIALER. WEB DIALER аз ҷумла имкони занг заданро аз Эрон ё Аморот (Эмират) медиҳад. Дастури истифодабарии веб портал
Барои зангҳои видеоӣ тавассути компютер баӣни муштариёни ИНТЕРКОМ web камера насб намоед, ё аз камераи насбшуда истифода баред, телефонҳои Pangoling, ё Bria, Eabeam-ро берун (скачать) оварда, аломати видеокамераро пахш намоед ва баъди барқароршавии паӣваст, дар равзанаи алоҳидаи паӣдогардида SEND MY VIDEO-ро пахш намоед.
Шумо метавонед БЕПУЛ ба рақамҳои дохилишабакавии 780хххх занг занед ва зангҳои берунаро аз шабакаҳои маҳаллӣ (бо чидани 780хххх), мобилӣ (бо чидани 42 780хххх) ва баӣналхалқӣ (бо чидани 992 42 780хххх) қабул намоед. Зангзанӣ ба дигар шабакаҳо: ба операторони Тоҷикистон бидуни код ва барои баромади баӣналхалқӣ тавассути коди 810 ва ё «+» (масалан 81079037877777 ё +17182932222). Барои ба беруни шабака занг задан бояд ҳисоби худро бо яке аз ин тарзҳо пур намоед: дар офисҳои мо(ниг.контактҳo), дар терминалҳои пардохтӣ, QIWI,WEBMONEY, кортҳои кредитии VIZA, Mastercard.
Ғунҷоиши рақамӣ аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ҷудо карда мешавад ва бинобар ин барои ҷудо кардани чунин рақам тасдиқи шахсияти муштарӣ талаб карда мешавад. Шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо метавонанд рақам бигиранд.
Ҳамаи истифодабарандагони INTERCOM метавонад: • Зангҳои видеоии дохилишабакавии 780хххх анҷом диҳанд. • Аз хизматрасонии Call-back – занги бозгашт, бо тарифи Интерком NGN (нархаш иборат аз ҷамъи 2 занг-занги бозгашт ва самти интихобшуда) истифода намояд. • Зангҳои воридотиро аз муштариёни INTERCOM ба дигар муштариён ё почтаи овозӣ переадресатсия намояд. • Статистикаи паӣвастшавиҳои анҷомёфтаро таҳлил намуда, тамоми сервисҳои INTERCOM-ро дар WEB ПОРТАЛ дар режими on-line идора намояд. • Дар интерфеӣси Web портал WEB DIALER (ВЕБ ТЕЛЕФОН) ҷоӣгир аст, ки имконияти зангзаниро бе баровардани(скачивание) барномаҳои телефонӣ, доранд. • Web Портал имконияти фаъолсозии фосилавии рақамҳои телефониро медиҳад, чунончи занги бозгашт (callback) тавассути рақами сервисии 7809999 (муштарӣ рақами 7809999 мечинад ва мунтазири занги бозгашт шуда, баъдан рақами лозимаро мечинад) анҷом гирифта, инчунин зангҳои дохилӣ ва баӣналхалқиро бе гирифтани пин-код тавассути рақами 7801212 (мушатарӣ рақами 7801212 чида дар давомаш рақами лозимаро мечинад) анҷом диҳад. • Бо муштарии ngn шабакаи Интерком (780хххх) тавассути WEB портал ЧАТ гузаронад. • барои рақами дар Тоҷикистонбуда 1,2 цент, дар Хитоӣ ё ИМА-3 цент , ҳамагӣ 1,2+3=4 цент Шумо барои 1 дақиқаи паӣвастнамоии ду муштарӣ мепардозед) паӣваст намоед. 2 намуди паӣвастшавӣ мавҷуд аст : 1)source first – муштарии авваларо паӣваст намуда, агар ҷавоб диҳад муштарии дуюмро паӣваст намудан , 2) both simulteneously ба ҳарду муштарӣ занги яквақта намуда, баъди ҷавоб додан онҳоро паӣваст намудан.
Шумо муштарии INTERCOM шуда, метавонед шабакаи иртиботии виртуалии худро созмон диҳед, ки ҳамаи гуфтугуҳои дохилии он бепул мешавад.
Саволҳои имруз
Регистрация Дархостро барои бақайдгирии NGN-рақам пур кардам, зиёда аз 1 соат гузашт, аммо ҷавоб наомад.
Ба шумо зарур аст, ки ссылкаеро, ки мо дар мактуби почтавӣ ба таври автоматикӣ пас аз пур кардани намунаи бақайдгирии рақам равон мекунем, ба кор дароред. Пас аз ба кор даровардани ссылка, мо дар муддати 24 соат дархостро қабул мекунем. Дар ҳолати қарори мусбӣ ба шумо парол равона мешавад. Дар ҳолати раъдкунӣ сабаби он ба шумо хабар дода мешавад. Агар шумо аз мо дар муддати 24 соат ягон хабар нагирифтаед, эҳтимол шумо e-mail-и худро хато ворид намудед. Агар шумо раддия қабул карда бошед, дархости навро пур кунед. Хоҳишмандем, ки фақат маълумотҳои аниқро ворид кунед, дар ҳолати гум кардани парол, санҷишҳои назоратӣ, аз нав барқароркунии он танҳо баъд аз нишондиҳии шиноснома сурат мегирад. Установка Барои зангҳо тариқи компютер кадом барномаҳо вуҷуд доранд?
Intercom, Pangolin, Eyebeam, Bria. Баъзеҳояшонро дар сомонаи мо www.ngn.tj дар тарафи рост, дар қисмати downloads дарёфт кардан мумкин аст.
Оплата ҳисоби худро аз масофаи дур, берун аз ҳудуд чӣ тавр метавон пур кард?
ҳисоби худро тавассути кортҳои бонкӣ ва ё маблағи пардохткунии электронӣ метавонед пурра намоед. Илтимос гӯед, ки тавассути телефони мобилии россиягӣ ҳисоби NGN-рақами худро чӣ тавр метавонам пурра намоям?
1. Барои ин дар www.qiwi.ru ба худ ҳамёни «киви» кушоед. Пас NGN-рақамро тариқи равонкунии SMS аз ягон оператори мобилӣ метавонед пурра кунед.
2. Ба рақами 7494 SMS-ро бо матни perevod ё перевод, баъди пробел рақами ҳамён ва маблағи гузаронидашавандаро ишора карда, равон кунед. Мисол: perevod 9652522324 100 – 100 рубл ба QIWI ҳамён гузаронида мешавад.
3. Сипас аз «киви» ҳамёни худ ба ҳамёни мо тавассути намунаи маблағқабулкунии босуръат http://ngn.tj/payments/ маблағро равона намоед. Тарифы Тарофаи basic-ро ба wave чӣ тавр иваз кардан мумкин? Нархи зангро чӣ тавр фаҳмидан мумкин?
Тарофаро дар ссылкаи http://ngn.tj/tarif иваз кардан ва фаҳмидан метавонед. Ҳангоми ивазкунии тарофа дар ҳисоб бояд зиедтар аз 10$ бошад. Нархи гузариш ба тарофаи дигар - 1$. Настройка Дар барномаи Intercom барои компютер ҳангоми воридшавӣ ҳар вақт паролро талаб мекунад, чи тавр онро нигоҳ доштан мумкин?
Ба барнома ворид шавед, ба тугмачаи «асбобҳо» пахш кунед, тиреза пайдо мешавад, ҳарду аломати қайдро (галочка) гузоред, дар Display name бошад, ngn-рақами худро бе код дохил кунед.

Проблемы Вақти занг задан ба Тоҷикистон шунавои бадсифат аст, сабаб дар чист?
Эҳтимолан, канали содирии интернети шумо ноустувор аст. Агар шумо барои алоқа аз интернети телефонатон истифода мебаред, сим-корти худро иваз карда бинед. Инчунин метавонед кодек ё телефони барномавиро иваз кунед. Рамзи (пароли) худро гум кардам, чӣ бояд кард?
Дархостро бо замимаи нусхаи шаҳодатном, суроғаи зист, NGN-рақам ва рақами телефони мобилиро ба
This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
фиристонед.
Мо рамзи дар вақти азқайдгузарӣ ишорашударо ба почтаи шумо ирсол мекунем. Общие вопросы Ҳисоби худро чи тавр санҷам?
Web-портал чӣ гуна имкон медиҳад?
Қаблан флеш-плеерро саб кунед: http://get.adobe.com/ru/flashplayer/
Вебпортал http://77.244.144.51/vsportal/ барои идоракунии NGN-рақам ба забони русӣ низ дастрас аст. Забонро дар менюи болоии Language иваз кардан мумкин. Версия навшуда имкон медиҳад: ба пайвасткунии ду рақами гуногун, занг задан аз вебтелефон, ивазкунии садои стандартӣ (гудок) ба мусиқӣ, сабткунии нутқи муборакбодӣ барои автоҷавобдиҳанда, ивазкунии парол, гӯш кардани хабарҳои гузошташуда ва зангҳои қабулнашуда, танзимкунии почтаи овозӣ, зангҳоро ба NGN ё алоқаи мобилӣ гузаронидан ва ғайраҳо.
|
Хабархои охирин
Опубликовано: 2013-03-26 13:23:38
С 1-го апреля вводятся изменения цен по всем тарифным планам
Опубликовано: 2012-12-24 05:55:35
В связи с перегрузкой потоков в вечернее время с 18 до 22 ч могут быть проблемы с соединением на сеть Tcell (92 и 93) и Мегафон (90)
Опубликовано: 2012-12-27 18:05:22
доступна мобильная версия сайта m.ngn.tj
Опубликовано: 2013-01-03 19:30:58
Введена новая система регистрации NGN номеров
Кӯчонидан
Программы для Компьютеров
Программы для Symbian
Программы для Android
Программы для Iphone / Ipad
Программы для Windows phone
Программы для BlackBerry
для других моделей
Руководство по применению веб портала
Дилерская программа
При заказе от 20 до 99 номеров с балансом 2,2 доллара скидка 5%
При заказе от 100 номеров с балансом 2,2 доллара скидка 10%
This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
тел: +992 (42) 7800099
Как стать дилером
|