ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap
ngn.tjsitemap

Саволу ҷавобҳо

Регистрация

  Дархостро барои бақайдгирии NGN-рақам пур кардам, зиёда аз 1 соат гузашт, аммо ҷавоб наомад.

Ба шумо зарур аст, ки ссылкаеро, ки мо дар мактуби почтавӣ ба таври автоматикӣ пас аз пур кардани намунаи бақайдгирии рақам равон мекунем, ба кор дароред. Пас аз ба кор даровардани ссылка, мо дар муддати 24 соат дархостро қабул мекунем. Дар ҳолати қарори мусбӣ ба шумо парол равона мешавад. Дар ҳолати раъдкунӣ сабаби он ба шумо хабар дода мешавад. Агар шумо аз мо дар муддати 24 соат ягон хабар нагирифтаед, эҳтимол шумо e-mail-и худро хато ворид намудед. Агар шумо раддия қабул карда бошед, дархости навро пур кунед. Хоҳишмандем, ки фақат маълумотҳои аниқро ворид кунед, дар ҳолати гум кардани парол, санҷишҳои назоратӣ, аз нав барқароркунии он танҳо баъд аз нишондиҳии шиноснома сурат мегирад.  

 ЧӢ тавр ман метавонам аз NGN истифода барам, то ки зангҳоям арзонтар гарданд?

Барои истифодабарӢ аз NGN-рақами ИНТЕРКОМ зарур аст, ки ба компютери худ ва ё ягон телефони мобилӢ, телефони барномавиро (программный телефон) сабт карда, дар сомонаи www.ngn.tj аз қайд гузаред ва рақами худро бо парол гиред.

Яке аз хизматрасониҳо – Видео-зангҳои бепул дар дохили шабака! Гирифтани 2 рақам кофист, то ки озодона бо таври ройгон сӯҳбат намоед!

 Оё хизматрасонии callback аз Россия фаъолият мекунад?

   Ҳа, дар веб-портали http://77.244.144.51/vsportal/ дар қисмати Authorized callerID (рақами авторизатсия) рақамро дар шакли 7хххххххххх дохил кунед.

  Пас аз бақайдгирии рақами авторизатсия аз телефони мобилӢ ё қайдшуда +992427809999-ро гиред ва пас аз садои «машғул аст» алоқаро қать кунед. Баъд аз 5-7 сония рақами шумо дубора барои рақамчинии минбаъда занг мезанад.

  Рақами авторизатсияи хизматрасонӢ барои callback-ро чӢ гуна ворид мекунанд? Мустақилона рақамро ворид кардан мумкин аст тариқи веб-портал http://77.244.144.51/vsportal/ дар Authorized caller ID (Рақами Авториза

  Мустақилона рақамро ворид кардан мумкин аст тариқи веб-портал http://77.244.144.51/vsportal/ дар Authorized caller ID  (Рақами Авторизатсия) чи тавре ки АОН нишон медиҳад, ҳамин тавр ворид кунед.

МЛТ : 906016010,
ДГТС: 2217095 , россиягӢ 79264595833. Якчандто ворид кардан мумкин аст. Рақами авторизатсия ба шумо имкон медиҳад, ки рақами шумо ба рақами авторизатсияшуда дубора занг занад ва шумо сипас рақамро барои пайвасти минбаъда ворид кунед.

Рақами хизматгузорӢ барои callback (занги дубора ) 

аз мобилӢ 427809999

аз қайдшуда (фиксированные) 7809999

занги байналхалқӢ  +992427809999

 Callback-ро чи тавр бояд истифода бурд?

   Рақами қайдшуда – 7809999, мобилӢ бошад– 427809999, ва аз ҳудуди Тоҷикистон берун буда - +992427809999-ро мегирем. Аз гӯшак садои «машғул» буданашро мешунавем. Зангро қатъ мекунем. Интизор мешавем то рақами NGN ба кор дароварда шавад ва ба шумо дубора занг занад.  Ба занг ҷавоб медиҳем.  Интизор мешавем ба даъвати воридкунии коди шаҳр ва рақами муштарии даъватшаванда. Рақами  935757501# -ро мегирем, ё агар ба Россия занг зада истода бошед, рақами 81079037234554# мегирем (#-панҷара воридшавии рақамро метезонад).

Агар дар ҷараёни рақамчинӢ шумо рақами хаторо гирифтед, метавонед алоқаро наканда, рақамро аз нав гиред. Барои ин ситорача (*)-ро пахш кунед.

Барои санҷидани ҳисоби NGN-и худ рақами 7809999 гиред, пас аз он ки рақаматон дубора ба шумо занг мезанад, 610#-ро пахш кунед, ва барои санҷидани почтаи овозӢ 620#-ро пахш кунед.

Имконияти тариқи веб интерфейс дохил кардани рақамҳои аз ҳама бисер гирифташаванда бо ишораи рақами кӯтоҳ вуҷуд дорад.

  Навкунии (update)-и барномаҳои Pangolin, Portsip зарур аст?

Не, зарур нест, чунки пас аз навкунӢ мутобиқати кодеки g729 нест мешавад ва сифати алоқа паст мегардад.

 Мӯҳлати фаъолияти NGN-рақам чӢ қадар аст?

  Агар шумо рақамро якумин маротиба гирифтед, шумо бояд ҳисоби худро ба андозаи на камтар аз 2,2 доллар пурра намоед, дафъаҳои дигар ба миқдори дилхоҳатон метавонед ҳисобро пурра намоед.

Муштариёне, ки «рақамҳои зебо»-ро дархост мекунанд, ба ғайр аз ин ҳисоби худро ба маблағи бақайдгирии рақам пурра менамоянд.

Дар вақти пуркунии ҳисоб хоҳишмандем, фоизҳои комиссиониро, ки метавонанд то 15%-ро аз маблағи пардохтшуда ташкил кунанд, ба инобат гиред.

Агар рақам дар муддати зиёдтар аз 3 моҳ истифода нашавад ва ҳисоби камтар аз 1$ дошта бошад, он аз қайд бароварда мешавад.

Агар шумо рақаматонро ба муддати дароз истифода бурданӢ нестед, ҳисоби онро аз 1$ зиедтар пурра намоед, ва он бетағйир дар соҳибии шумо мемонад.

Агар рақами шумо аз қайд бароварда шуда бошад, аз нав аз қайд гузашта, рақами навро гиред.

 Чӣ тавр метавонам NGN-рақамро ба таври роӣгон ба қаӣд гирифт ё «рақами зебо»-ро интихоб намуд?

Дастуруламал барои бақаӣдгирии NGN-рақам http://ngn.tj/tj/registration

Дар ҳолати дар бораи мо аз дӯстон, шиносҳо ва ғ. хабардор шуданатон сатри «дигар»-ро интихоб кунед.

МАЪЛУМОТҲОИ НОДУРУСТРО ДОХИЛ НАКУНЕД, ДАР ҲОЛАТИ ГУМ КАРДАНИ ПАРОЛ,БО ЧУНИН МАЪЛУМОТҲО БАРҚАРОР КАРДАНИ ОН ИМКОНПАЗИР МЕШАВАД!

   

     Агар дар муддати 24 соат ба шумо мактуб наомад, аз нав аз қайд гузаред.

.

Установка

  Кадом барномаҳо барои телефонҳои мобилии бо асоси Windows mobile рост меоянд ?

Дастурамал ва барнома дар сомонаи мо www.ngn.tj  9.Portsip (барои тел. моб. бо Mobile Windows 6)

Хоҳишмандем барномаро нав (update) накунед, чунки дар версияҳои нав кодеки G729 нест.

 Кадом барномаҳо ба IPhone/IPad мувофиқанд?

Барномаҳои бепул

13.SIPHON (дастурамал барои телефонҳои мобилии iPhone)

11.Fring (дастурамал барои телефонҳои мобилӣ)

15.3CXPhone (дастурамал барои iPhone, iPod)

12.Nimbuzz (дастурамал барои телефонҳои мобилӣ)

Барномаи пулакӣ, хеле аълосифат аст, тавсия мекунем:

Барои IPhone/IPad  дар Appstore телефони барномавии Vippie Voice softphone-ро бо нархи $9,99 дарёфт намуда сабт кунед. 

Дастурамал барои амаликунӣ дар www.ngn.tj 

16.Дастурамал барои софт телефонҳои пулакӣ барои iPHONE, iPad, Android, Blackberry, Windows Mobile.

  Кадом барномаҳо ба телефонҳои мобилии асосашон Android мувофиқ меоянд?

   Аз сомонаи www.ngn.tj барномаи архивкардашудаи Акробитс ва дастурамали 14.Acrobits -ро (дастурамал барои Android 2.2 ва болотар) кӯчонед. 

  Кадом барномаҳо ба телефонҳои мобилӣ бо асоси Symbian мувофиқ меоянд?
 Барои Blackberry 9700 чӣ бояд кард?


 Оё барномаи Nimbuzz-ро ба телефони мобилӣ (мисол ба LG G 200) барои NGN сабт кардан мумкин аст?

  Nimbuzz мутобиқат мекунад.

ссылка барои дастурамали  nimbuzz

ссылка  http://www.nimbuzz.com/en/get/voip-and-chat-on-mobile

Download Nimbuzz on your mobile phone

www.nimbuzz.com

 Барои зангҳо тариқи компютер кадом барномаҳо вуҷуд доранд?

   Intercom, Pangolin, Eyebeam, Bria. Баъзеҳояшонро дар сомонаи мо www.ngn.tj дар тарафи рост, дар қисмати downloads дарёфт кардан мумкин аст.


Ба ғайр аз ин шумо метавонед ба WEB-ПОРТАЛ даромада, тариқи WEB DIALER бе сабткунии ягон барнома зангҳоро амалӣ кунед.
   

Барои телефонҳои мобилӣ барномаҳо гуногунанд, вобаста аз системаи оператсионие, ки дар он сабт шудааст.

  Кадом барномаҳо ба телефонҳои дастии бе системаҳои оператсионӣ мувофиқ меоянд?

Мутобиқати таелефони шумо бо Nimbuz санҷед.

ссылка барои дастурамали  nimbuzz

Оплата

 Бигӯед, маблағро гузарондам, вале пардохт ҳисоб нашуд. Чӣ бояд кард?

Агар шумо маблағро тавассути  намунаи маблағқабулкунии босуръат http://ngn.tj/payments/ равона карда бошеду, пардохткунӣ ҳисоб нашуд, бисанҷед, ки аз ҳамён/ҳисоби шумо маблағ ихтисор корда шудааст ё не.

Агар гузарониш бомуваффақият сурат гирифта бошад, ба This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. мактубро бо ишораи маблағ, таърихи рӯз, NGN-рақами худ ва номгӯи системаи пардохткуние, ки аз он маблағро гузарондаед, равона намоед.

Агар маблағро бо тарзи оффлайн равона карда бошед, одатан қабулкунӣ ду  маротиба дар як руз сурат мегирад ва агар маблағ дар муддати 24 соат ҳисоб нашуд, ба This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. мактубро бо ишораи маблағ, таърихи рӯз, NGN-рақами худ ва номгӯи системаи пардохткуние, ки аз он маблағро гузарондаед, равона намоед.

Агар шумо дар шарҳи пардохт ngn-рақамро ишора накарадед, ё чунин тиреза набуд, пас баъди гузаронидан ба This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. мактубро бо ишораи маблағ, таърихи рӯз, NGN-рақами худ ва номгӯи системаи пардохткуние, ки аз он маблағро гузарондаед, ирсол намоед.

Агар маблағро тариқи терминалҳои Тоҷикистон гузаронида бошеду пардохт ҳисоб нагашт, ба ширкате, ки соҳиби ин терминалҳо аст, муроҷиат намоед. Хоҳишмандем, нусхаи муроҷиатномаро ба мо низ ирсол намоед.

ҳангоми гузаронидани маблағ чекро нигоҳ доред, он минбаъд барои тез ёфтани пардохт ёри мерасонад. 

 ҳисобро чӣ тавр пурра кардан мумкин аст?

Ин аз дар куҷо воқеъ будани шумо вобастагӣ дорад, агар дар Россия пуркунӣ тавассути «киви» ҳамёни мо, терминал, webmoney мумкин аст. Агар шумо дар мамлакати дурдаст бошед, пардохткунӣ тавассути корти қарзии (кредитӣ) дебитӣ  сурат мегирад. Дар Тоҷикистон бошад, метавонед тариқи ягон терминал ё кассаҳои интерком ҳисобро пурра кунед.

 ҳисоби худро аз масофаи дур, берун аз ҳудуд чӣ тавр метавон пур кард?

ҳисоби худро тавассути кортҳои бонкӣ ва ё маблағи пардохткунии электронӣ метавонед пурра намоед.

  ҳисоби худро тавассути корти бонкии VISA ё MASTERCARD чӣ тавр метавон пур кард?

Барои падохт намудан бо карта : http://ngn.tj/ru/payment

 Дар кадом давлатҳо ман метавонам ҳисоби NGN рақами худро тариқи QIWI-ҳамён пурра намоям?

Хизматрасонии QIWI дар айни замон ба шаҳрвандони 22 давлати дунё дастрас аст.

Нуқтаи қабули пардохтҳо дар ҳамаи ноҳияҳо Россия, инчунин дар  Хитой, Бразилия, ҲиндустонҶАҶ, Руминя, Панама,ПеруЧили, Малайзиия, Ветнам,

 Аргентина, Колумбиия, Сербия, Латвия, Украина, Гурҷистон, Белоруссиия, Молдова,

 Казоқистон, Тоҷикитсон ва Қирғизистон  вуҷуд дорад.

http://qiwi.com/ru/qiwi_worldwide/

Тарифы

 Тарофаи basic-ро ба wave чӣ тавр иваз кардан мумкин? Нархи зангро чӣ тавр фаҳмидан мумкин?

Тарофаро дар ссылкаи http://ngn.tj/tarif иваз кардан ва фаҳмидан метавонед. Ҳангоми ивазкунии тарофа дар ҳисоб бояд зиедтар аз 10$ бошад. Нархи гузариш ба тарофаи дигар - 1$.

Настройка

 Дар танзими (настройкаҳои) бисёр телефонҳо username/login ,password ,domen /sip server ,port талаб карда мешавад?

username/login – ngn-рақами шумо бе код, ҷои холӣ ва дефис, мисол  7801234

password  - пароле, ки ҳангоми бақайдгирӣ ба даст овардед

domen /sip server:   77.244.144.51      (гузоштани нуқтаҳоро дар байни рақамҳо фаромӯш накунед)

port:  5060

 «Рақамчинии кӯтоҳ»-ро чӣ тавр ба кор даровардан мумкин аст?

   Рақамчинии кӯтоҳ барои callback ва рақамҳои мунтазам гирифташаванда истифода бурда мешавад.

 Ба веб-портал дароед: http://77.244.144.51/vsportal/ Баъд ба менюи Speed dial         (БЫСТРЫЙ НАБОР) ворид шавед.

 Хусусиятҳои хоси танзими телефонҳои Eabeam ва Bria

Ба диққати онҳое, ки телефонҳои барномавии  Eebeam ва Bria барои NGN истифода мебаранд! Барои васлшавии муваффақиятноки алоқа дар танзим (настройки) кодекҳои овозиро, ба ғайр аз G729 хориҷ кардан зарур.
Дар Eabeam : бо тугмачаи рости мушак ба экрани телефон пахш мекунед, баъд аз ин Options - Advanced-Audio codec . Дар Bria : File- Preferences-Audio codecs.

  Ба барномаи INTERCOM ворид шуда наметавонам, Registration error хабар медиҳад.

 

Сабаби рӯй додани чунин проблема дар он аст, ки муштарӣ

1 вариант) дар мавқеи username ва password маълумоти ғалатро дохил мекунад. Ҳалли проблема: дар мавқеи Username ngn-рақамаро бе пробел ва бе код ворид карда(мисол 7801122), дар мавқеи password пароли худро ворид кунед.

 

  2 вариант) дар қисмати «танзимкунӣ»  (настройки) дар мавқеи display name номи худ ё ягон ҳарфҳоро , ба ҷои NGN рақам дохил мекунад.

Барои ҳалли ин масъала ба реестр гузаред.

Дар реестр INTERCOM-ро ёфта, онро ба рақами NGN-и худ иваз кунед.

Барои он ки минбаъд чунин проблемаҳо руй надиҳанд, барномаро ин тарз танзим кунед.


 Дар барномаи Intercom барои компютер ҳангоми воридшавӣ ҳар вақт паролро талаб мекунад, чи тавр онро нигоҳ доштан мумкин?

Ба барнома ворид шавед, ба тугмачаи «асбобҳо» пахш кунед, тиреза пайдо мешавад, ҳарду аломати қайдро (галочка) гузоред, дар Display name бошад, ngn-рақами худро бе код дохил кунед.

 



 Оё NGN-рақамро дар адаптери телефонӣ ё IP, USB адаптер танзим кардан мумкин аст? Адаптери Linksys PAP2T-EU –ро чӣ тавр бояд танзим кард?

NGN-рақамро дар ҳамаи намудҳои адаптерҳои телефонии SIP ва IP, USB телефонҳо танзим намудан мумкин аст.

Танзимҳои асосӣ  қариб дар ҳама якхела аст.

Дар ҳошияи Proxy /Domen сервери 77.244.144.51 – ро ворид мекунем, дар Display name –NGN-рақами шумо дар намуди 78ххххх.  Дар User ID – инчунин NGN-рақами шумо 78ххххх,  Password – рамз. Порт -5060
Кодекро барои кодировкакунии овоз интихоб мекунем  Prefered codec - G729 

Дастурамал барои танзими адаптери телефонии Linksys PAP2T-EU

 Адаптерро танзим мекунем.
Аз аввал адаптер бе танзимотҳои азалӣ бо веб-серверҳои хомӯш ва  DHCP  амал мекунад. Мебоист дастакӣ тариқи телефон танзим намуд. Фармоишҳои зуд-зуд истифодашаванда:
Воридшавӣ ба менюи садо: ****Пахшкунӣ/хомӯшкунии DHCP: 101 --> 1 пахшкунӣ; 2 хомӯшкунӣ; Проверка IP адреса: 110Танзимкунии IP суроғаи статистикӣ: 111Санҷиши ниқоб: 120 Танзимкунии ниқоб: 121Проверка шлюза: 130 Пахшкунӣ/хомӯшкунии web-сервер: 7932 –> 1 пахшкунӣ; 2 хомӯшкунӣ; Бекоркунии ҳамаи танзимҳо: 73738


Модоме ки ҳамаи танзимотҳои  зарурӣ амали карда шудаанд, ба веб-интерфейс тариқи суроғаи таъиннамудаи шумо медароем.
Ба ҳолати маъмур ва advanced view гузаштан зарур аст. 
Дар гӯшаи System IP-суроғаи шлюз, DNS-серверро ишора мекунем. 

Сипас дар гӯшаи SIP дар ҳошияи “EXT IP” IP-суроғаи берунии таҷҳизотамонро  ишора мекунем. 
Дар навбат гӯшаҳои  Line1 ва Line2 ҳастанд, ин танзимотҳои алоҳида барои хатҳои телефонии якум ва дуюми адаптер мебошад. Ҳамон хатро танзим мекунем, ки ба он таҷҳизот пайваст шудааст.
Дар гӯша бояд параметрҳои NAT mapping enable ва NAT keep alive enable дар ҳолати YES гузорем. Ва портро, ки гӯш карда мешавад ва барои амаликунии пайвастшавӣ истифода мешавад, ишора мекунем.  -5060 
Акнун маълумотҳоро  барои пайвастшавӣ бо сервер дохил мекунем.

Дар ҳошияи Proxy сервери 77.244.144.51, дар Display name – NGN-рақами шуморо (дар намуди 78ххххх) ворид мекунем. Дар User ID - NGN-рақами шумо (78ххххх ) дар Password – рамзро ворид кардан лозим. 
Поёнтар дар ҳамон саҳифа кодекро барои кодировкакунии овоз интихоб мекунем. Prefered codec   G729 Параметр DTFM-Tx Method – мегузорем INFO 
Агар ҳамааш мисли гуфташуда карда шуда бошад– адаптер ба кор омода аст! Ҳолат бояд ОНЛАЙН боашд. Агар зангҳо оянду садо набошад,  бояд экран шабакавиро, ки Интернет ва шабакаи маҳаллиро маҳдуд мекунад, бояд танзим кард. 

 Вақти ворид шудан ба барнома барои телефонҳои мобилӣ Intercomsymbian хабари -ро мебинам. Сабаб дар чист?

Нуқтаи дастрасиро ворид намудан лозим:
WIFI ба тарзи автоматикӣ амал мекунад, ҳангоми GPRS бошад, инро ворид кардан лозим: 

Параметры -> связь -> пункты назначения -> Точка доступа -> Пакетные данные -> babilon-m gprs , агар Babilon бошад, барои Beeline - beeline gprs ворид намудан зарур.

Пас аз ин  Параметры -> связь -> пункты назначения -> Интернет - > ва  аввалияи 1-ро ба пакети таъиншуда мегузорем. 


Сараввал нуқтаро ворид мекунем, сипас  аввалиятро мегузорем.

 

Кадом барнома барои Samsung  бо базаи Bada (масъалан Gt-s8530) мувофиқ аст?

Барои Samsungна бо базаи  BADA барномаи Nimbuzz мутобиқ меояд.

Барномаи мувофиқро аз ин сомонаҳо метавон ёфт:

  http://www.nimbuzz.com/en/why-nimbuzz/this-is-nimbuzz  барои  Samsung Gt-s8530  :

http://www.nimbuzz.com/en/get/donwload-via-desktop/advanced-download

Ссылка ба дастурамали  nimbuzz

Проблемы

 Вақти занг задан ба Тоҷикистон шунавои бадсифат аст, сабаб дар чист?

Эҳтимолан, канали содирии интернети шумо ноустувор аст. Агар шумо барои алоқа аз интернети телефонатон истифода мебаред, сим-корти худро иваз карда бинед. Инчунин метавонед кодек  ё телефони барномавиро иваз кунед.  

 Аз Россия ба Тоҷикистон тариқи барномаи INTERCOM занг мезанам, овоз яктарафа мебошад, проблема дар чист?

Микрофонро танзим (настройка) кунед, шояд овозро баландтар кардан зарур. Танзимҳои таҷҳизоти овозӣ (микрофонро) дар компютер санҷед. Ҳамчунин сифати алоқа аз канали гузарониши интернет вобаста аст, ҳангоми хато танзим кардани NAT ба WIFI таҷҳизот метавонад нодуруст амал кунад, пайвастшавии бе WIFI таҷҳизотро санҷед.

Дар ҳолати миньаъда пайдо шудани проблемҳо, аз сомонаи мо барномаи «Pangolin»-ро сабт кунед, дар экрани барнома тугмачаи рости мушакро пахш карда, танзимро интихоб кунед. Дар танзим (настройки) Audio setup-ро интихоб кунед, дар менюи микрофон таҷҳизоти овозиро иваз кунед.

Агар шумо телефони мобилиро истифода мебаред, ва шунавои яктарафа аст, барномаро иваз ё аз нав сабт кунед, ё ки эҳтимол ҳаст, ки оператори алоқаи шумо интернет-канали суст дорад – оператори алоқаатонро иваз намоед.

 Рамзи (пароли) худро гум кардам, чӣ бояд кард?

Дархостро бо замимаи нусхаи шаҳодатном, суроғаи зист, NGN-рақам ва рақами телефони мобилиро ба This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. фиристонед.

Мо рамзи дар вақти азқайдгузарӣ ишорашударо ба почтаи шумо ирсол мекунем.

Общие вопросы

 Чӣ тавр зангро ба ngn ракам, ба дигар рақам гузарондан мумкин ?

Барои ба кор дарории гузарониш ба рақами дигар дар дохили Тоҷикистон ва ё берун аз он, шуморо зарур меояд, ки ба веб-портал http://77.244.144.51/vsportal/, ба қисмати «Танзими босурат» (Quick setup) дароед, ба варақча бо офтобак пахш кунед ва дар тирезаи поёнӣ рақами телефонро, ки ба он зангҳо гузаронида мешавад, ворид кунед.

Дар дохили Тоҷикистон мисол 2217095 , 905012233

Хориҷа тариқи 810, ё + мисол 81079052522233, ё +17182923344 

Баъди воридкунии рақам бо мушак ба ягон тирезаи дигар пахш кунед, ва аз тарафи рост аломати «дискета» пайдо мешавад, онро пахш кунед, то ки дигаргуниҳо нигоҳ дошта шаванд. Баъд ба аломати поёнии дискета «Нав кардан» (Обновить) пахш кунед.

Тартиби гузаронишро метавонед дар қисмати «Тартиби  ҷавобдиҳӣ» низ танзим кунед.

 Хатро ба e-mail дар бораи хабари нав дар почтаи овозӣ чӣ тавр танзим кардан мумкин?

  Барои қабулкунии хат ба e-mail дар бораи хабарҳои нав дар почтаи овозии ngn-рақами шумо, шумо бояд ба вебпортал  http://77.244.144.51/vsportal/, ба қисмати Танзими босурат» (Quick setup) дароед ва дар қисмати «Огоҳӣ» (Предупреждение) Alerts аломати қайдро (галочка) дар тирезаи «Ба хабари овозии нав» гузоред ва дар тирезаи «ба ман ирсол кунед тавассути» e-mail-и худро ворид созед.

 Рақамчинии NGN чӣ тавр сурат мегирад?

• аз рақамҳои қайдшудаи ш. Душанбе, Хуҷанд ва  Қурғонтеппа: 7800101
аз рақамҳои қайдшудаи дигар ноҳияҳои ҶТ: 8 42 7800101
аз телефонҳои мобилии Сомонком,ТК-Мобайл, МЛТ ,Вавилон-М ,T-CELL: 42 7800101
аз телефонҳои мобилии Билайн: 7800101
аз Руссия: 810 99242 7800101
аз мавқеи дурдаст: + 99242 7800101

 Аз рақамҳои NGN чӣ тавр рақамчинӣ кардан мумкин?

• санҷиши ҳисоб 610#

• санҷиши почтаи овозӣ 620#

• ба ракамҳои қайдшудаи ш. Душанбе: 2217095, 7018888, 6060606

• ба ракамҳои қайдшудаи ҶТ: 8 +коди шаҳр+рақами телефон:   8 3422 43501      

• ба рақамҳои мобилии РТ: коди оператор +рақами телефон: 935757511

• берун аз ҳудуди РТ: 810+коди давлат+коди шаҳр ё оператор+рақами телефон :81079163515121, 8101718 2910302 , ё тариқи "+": +7963515121

 Почтаи овозиро чӣ гуна танзим мекунанд, ва месанҷанд?

Барои ба кор двровардани функсияи гузарониш ба почтаи овози шумо бояд ба вебпортал даромада http://77.244.144.51/vsportal/ , дар қисмати «Танзими босуръат» (Quick setup) ба тирезаи «агар ягонто аз рақамаҳои боло нишондодашуда ҷавоб надод, ба почтаи овозӣ гузар» аломати қайд гузоред.

Ҳамчунин рӯ ба рӯ метавонед тарзи муборакбодро интихоб намоед. Муборакбодии худро дар қисмати "Муборакбодӣ"(Greetings) сабт кунед.

Хабарҳои дар почтаи овозӣ бударо метавонед аз ngn-рақам, тариқи гирифтани 620# ва ё аз вебпортал, қисмати «почтаи овозӣ», санҷед.

Функсияи гузарониши занг ба дигар рақамро метавонед низ дар қисмати «Тартиби ҷавобдиҳӣ» танзим кунед.

Гузарониши занг мувофиқи тарофа ҳамчун занги одди ба рақамаи ишорашуда, барои гузарониш пардохт карда мешавад.

  Барои як дақикаи сӯҳбат тақрибан чӣ қадар трафик сарф мешавад?

Бо ҳисоби миёна қариб 200 кбайт дар 1 дақиқа, яъне 1 мб дар давоми 5 дақ., аммо ба ҳар ҳол ҳама аз кодеке, ки истифода мебаред, вобастагӣ дорад. Аз ҳама беҳтарин G729 -150 кбайт, пас аз он GSM -300 кбайт ва G711 500 килобайтро дар 1 дақ. сарф мекунад,  2 дақ – 1 мб. Аксаран дар телефони барномавӣ танзимкунии (настройка) кодекҳо ҳаст, ки тавассути он метавонед афзалиятнокиро интихоб кунед.

Барномаи Fring бо GSM ва g711 мутобиқ аст , Nimbuzz , 3CXPhoneG  -бо G711,

 intercomsymbian, Akrobits,Siphon,Portsip бошад бо G729 кор мекунад.

  Чӣ тавр метавон аз портал истифода бурда ду рақами телефонии гуногунро, новобоста аз мавқеъи ҷойгирбуда пайваст кард?

Агар хоҳед ҳадяи ногаҳонӣ тӯҳфа куне два ба шумо пайвасткунии ду рақам лозим аст,  ё шумо аз ҳудуди Тоҷикистон берун ҳастед ва ба шумо пайвасткунии рақами мобилии худ бо дигар рақам бе хизматрасонии оператори мобилӣ, шумо метавонед аз хизматрасонии «ҳардуро пайванд» истифода баред.

Ба вебпортал http://77.244.144.51/vsportal/ дароед  

Ба  Connect two -Соединить двоих пахш кунед. 

Дар тирезаи якум рақамеро, ки ба он ngn-раками шумо барои callback занг мезанад, ворид кунед.

Дар тирезаи дуюм рақамеро, ки бо он рақамро, ки дар тирезаи якум ворид кардед, пайвастан мехоҳед, ворид кунед. (мисол 935757522 , ё хориҷа тариқи 810  81079652522324 )

Агар шумо функсияи «якҷоя»-ро интихоб кунед, дар як лаҳза якҷоя зангҳо аз ҳарду рақам амалӣ мешаванд. (мисол  905057788, ё хориҷа тариқи 810   81017182925544)

Маблағи пайвастшавӣ аз суммаи ҳарду зангҳо: аз ngn-рақами шумо ва рақаме, ки дар тирезаи якум ворид намудед, ҳисоб карда мешавад.

 Чи тавр рамзро иваз намоям ?

Установите флеш плеер http://get.adobe.com/ru/flashplayer/

Ба веб-портал дароед http://77.244.144.51/vsportal/ . Барои қулай будан аз забони англисӣ ба забони русӣ дар қисмати  болоии Language метавонед гузаред. Аз тарафи чапи меню инро интихоб кунед: My profile - Мой профиль -Change password  -Паролро иваз кардан.

 Web-портал чӣ гуна имкон медиҳад?

Қаблан флеш-плеерро саб кунед: http://get.adobe.com/ru/flashplayer/

 Вебпортал http://77.244.144.51/vsportal/ барои идоракунии NGN-рақам ба забони русӣ низ дастрас аст. Забонро дар менюи болоии Language иваз кардан мумкин.
Версия навшуда имкон медиҳад: ба пайвасткунии ду рақами гуногун, занг задан аз вебтелефон, ивазкунии садои  стандартӣ (гудок) ба мусиқӣ, сабткунии нутқи муборакбодӣ барои автоҷавобдиҳанда, ивазкунии парол, гӯш кардани хабарҳои гузошташуда ва зангҳои қабулнашуда, танзимкунии почтаи овозӣ, зангҳоро ба NGN ё алоқаи мобилӣ гузаронидан ва ғайраҳо.

 Оё хизматрасонии callback дар Россия амал мекунад?

   Хизматрасонии callback дар Россия низ амал мекунад. Барои ин бояд ба   This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.  муроҷиат кунед, ё ки мустақилона дар веб-вебпортал ба қайд гиред http://77.244.144.51/vsportal/. Дар қисмати Authorized callerID рақамро дар шакли 7хххххххххх ворид намуда, агар рақам дар Тоҷикистон воқеъ бошад, мисол 905757575. Баъд аз бақайдгирии рақами рухсат, рақами  +992427809999 гиред. Пас аз қатъкунии алоқа, дар муддати 5-6 сония занги баргашта зада мешавад ва шумо метавонед раками заруриро гиред. 

  Ҳисоби худро чи тавр санҷам?

 Аз телефони  NGN рақами 610-ро гиред ва ё ба вебпортал http://77.244.144.51/vsportal/ ворид гардед.

 Чӣ тавр метавон ба Россия, мамлакатҳои хориҷа занг зад?

Тариқи 810, ё +  сипас коди давлат, коди оператор, рақами муштариро ворид созед. Мисол: 81079052523366 ё + 79052523366.

 Танзимкунии мусиқӣ ба ҷои садои стандартӣ дар NGN телефон.

Барои танзимкунии мусиқӣ ба ҷои гудокҳо дар NGN телефон, мусиқии мехостаатонро ба суроғаи This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. дар формати MP3 ирмол намоед. NGN-рақам ва номатонро низ ишора намоед. Нархи конвертатсиякунӣ ва танзимкунӣ – 1 доллар. Пас аз танзимот, маблағи хизматрасонӣ аз ҳисоби шумо гирифта мешавад. Маблағ фақат як маротиба, новобоста аз мӯҳлати истифодабарӣ гирфта мешавад. www.ngn.tj

 3. Ман аз Россия, бо бародари худ, ки дар Душанбе аст, тариқи компютер хоҳиши пайвастшавиро дорам. Тамғаи телефони ӯ самсунг-андроид аст. Оё имкони амаликунии видеоалоқа ба таври ройгон ҳаст?

Аз NGN ба NGN ҳам видео ҳам садо ройгон аст, новобоста аз мавқеъи муштариён.

Барои гуфтугӯи садоӣ барномаи Akrobits дар сомонаи www.ngn.tj кофӣ аст, барои сӯҳбат бо видео барномаҳо бо базаи Андроид вуҷуд  доранд.

Android Video Dialer     http://voipswitch.com/en/products/softphones/retail-shop/

  - мутобиқ бо видео, нархаш - 7,8 доллар

Инчунин дар компютер сабткунии барномаи мутобиқ ба видео, ба мисли  Pangolin зарур мегардад.

Видеозангҳоро фақат дар шабакаи Интерком ба амал овардан мумкин аст.

 

 

Кӯчонидан 

Windows - OS
Mac - OS
Linux - OS
 
Symbian - Nokia
Android
  • NGN video calls Барнома
    Телефони барномавӣ барои зангҳои телефонӣ ва видеоӣ (дар Аморот кор намекунад). Барномаро метавон аз Play Market, дар ҷустуҷуи NGN берун (скачать) овард.
  • Intercom Барнома
    телефони барномавӣ барои зангҳои телефонӣ аз ҷумла дар мамлакатҳое, ки барномаҳои дигар операторон кор намекунад (чунончи дар Аморот, Умон, Kuwait ,Sooth/Noth Korea ,Paraguay).
  • Барои Android 5.0.1 ва болотар Zoiper дастурамал Барнома
iOS - Iphone / Ipad
  • Бакайдгирии барномаи бепул ivoki аз App Store бад аз он аз раками IVOKI ба раками NGN гузаред ба воситаи дастурамал бад аз гузориш зангхо ба Точикистон  арзонтар мешаванд.
  • Zoiper дастурамал Барнома
Windows phone
BlackBerry
 

Дастурамал оиди истифодабарии веб портал

Контакты 

e-mail: manager@tjinter.com
mail.ru агент: ngnintercom@mail.ru
www.facebook.com/groups/ngnintercom
тел:
Офис менеджер: +992 (42) 7800099
Бухгалтерия:+992 (42)7800016
техотдел:+992 (42)7800022,2213452,+992 (42)7800017